معلومات المواد باللغة العربية

Билолуддин Бадруддин - Китобҳо

Теъдоди матолиб: 6

  • Тоҷикӣ

    Маънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)

  • Тоҷикӣ

    Дар таърих собиқа надорад, ки шогирдон ва ҷоннисорони расул ва паёмбаре пас аз имон ва пухта шудан дар кўраи озмоишот бо хонадони мўъмини ў ба ситезу душманӣ бипардозанд. Аммо мутаассифона бо таҳрифи таърих ва дурўғпардозиҳои афсонавӣ чунин вонамуд шуда, ки гўё паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) дар тафҳим ва иҷрои рисолати худ (наъузу биллоҳ) ноком буда ва дар тамоми муддати бисту се соли даврони тиллоии таърихи башар, ки эшон натавониста ҷуз чанд нафар, ки ададашон аз ангуштони як даст бештар нест, шогирдонеро парвариш диҳад, ки пас аз вай ҳадди ақал бо хонаводаи эшон робитаи самимӣ дошта бошанд. Бисёр аҷиб аст! Китобчаи хурде, ки инак дар даст доред, умедворем битавонад ин воқеиятро равшан кунад.

  • Тоҷикӣ

    Маълумоти мухтасар дар бораи дӯзах: Дӯзах азобе аст аз ҷониби Худованд, ки душманони худро дар он азоб медиҳад ва зиндоне аст, ки муҷримонро дар он зиндони мекунад.

  • Тоҷикӣ

    Асли ин силсила-дарсҳо аз китоби «Усули даъват», таълифи доктор АбдулКарим Зайдон аст, ва дарси севуми ин силсила дар бораи қисмати дувуми рукни аввали Ислом аст.

  • Тоҷикӣ

    Китоб нақши маънавии ибодат ва бандагии Худоро дар такомули рўҳӣ ва бинои шахсияти инсон мавриди таъкид қарор дода, аҳкоми ибодатҳо ва ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагиро бар асоси бузургтарин мактаби фиқҳӣ дар ислом мазҳаби ҳанафӣ баррасӣ ва пешкаши хонанда менамояд.

  • Тоҷикӣ

    Китоби фарогирандаи ривоятҳои собитшуда аз фазоили сураҳои Қуръон ва оятҳояш. Муаллифи китоб кушиш кардааст, ки ҳадисҳои саҳиҳе ки дар ин мавзӯъ ворид шудааст, бо зикри мухтасари масодираш гирдовари намояд.