معلومات المواد باللغة العربية

Мусъаби Ҳамза - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 82

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Фаро расидани иди саиди фитрро аз самими қалб барои ҳама бародарон ва хоҳарони мусулмон табрик ва таҳният мегўям ва умедворам, ки худованди бузург тоат ва ибодати мо ва шумо азизонро қабул намуда, подош ва савоби бузургро насибамон гардонад. Аз Анас (р.з) ривоят аст, ки ҳангоме ки расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) ба Мадина омаданад, мардум ду рўзро доштанд, ки ба бозию саргармӣ машғул мешуданд ва ҷашн мегирифтанд. Паёмбари Худо фармуд: «Худованд ба ҷойи онҳо барои шумо ду рўзи беҳтаре қарор додаст, рўзи фитр (иди рамазон), рўзи иди қурбон». (ривояти Насоӣ ва ибни Ҳиббон дар саҳеҳаш). Ин мақола ин мавзухоро дар бар мегирад: Закоти фитр Одоб ва суннатҳои ид Лафзҳои такбир Аҳамияти намози ид ва таъкиди рафтан ба намози ид Намози ид ду ракат аст, ки ингуна хонда мешавад Табрик ва таҳният гуфтан ба якдигар Баъзе аз мункароте, ки дар рўзи ид анҷом мегирад ва бояд аз он парҳез кард.

  • Тоҷикӣ

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Аз он ҷо ки яке аз ҳадафҳои давлати исломи нигаҳбони аз каёни дини ислом буд, Умари Форуқ аҳамияти хоссае ба поя ва асоси дин ки иборат аз тавҳид ва ақидаи саҳиҳи исломи аст, қоил буд ва саъю кушиш мекард ки мардумро бар ҳамон ақидаи дурусте собит ва устувор нигаҳдорад ки Расули Худо оварда буд. Ва бо шубҳаҳое ки мунҳарифон ва душманони ислом бо тарвиҷи ақоиди фосид ва хурофот ва дар пайи равоҷи он буданд, мубориза намуд. Ва дар ин чанд сатри оянда баъзе аз мавзеъгириҳои эшонро ёдовар мешавем.