معلومات المواد باللغة العربية

Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷӣ, Рабва – шаҳри Риёз - Мақолаҳо

Теъдоди матолиб: 113

  • Тоҷикӣ

    Дар рӯзе аз рӯзҳои шукуфони Мадинаи набави ва дар субҳи рӯзи ид дар хонаи Паёмбар (с) ва хонаҳои гирду атрофаш дар пеши назари Паёмбар (с) дар чеҳраҳои мардум шодию сурур дида мешуд,

  • Тоҷикӣ

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Аз ҷумлаи ибодатҳое, ки дар гармои сахт савобро дучанд ва зиёд мекунад, рӯза, ки дар он ташнагии тоқатфарсо дар гармои сахт аст, мебошад.

  • Тоҷикӣ

    Худованд мефармояд: "Бигў нопоку пок баробар нест, агарчи бисёр будани нопокҳо туро ба шигифт андозад. Пас шумо эй соҳибхирадон аз Худо битарсед, то растагор шавед" (Моида, 100)

  • Тоҷикӣ

    Дар ин ҳадис баъзе аз сабабҳои дохил шудани ҷаннат, ва фазлу бузургии калимаи шаҳодат баён шудааст.

  • Тоҷикӣ

    Эй мусалмонон! Мардум ҳама паи ҳаёти осуда мегарданд ва онҳо саодату бахтро ҷустуҷў мекунанд, то дар фазои ором ва хотирҷамъи зиндаги намуда, аз ҳама гуна нооромию ғам дур бошанд, хусусан дар оилаи худ.

  • Тоҷикӣ

    Худованд инсонро ақлу каромат додааст ва барояш имтиёзе додааст, ки дар дигар махлуқот дида намешавад. Пас бояд аз ин неъмати илоҳи ҳифозат намояд ва онро бо истеъмоли масткунандаҳо ва мухадирот заъифу нобуд насозад.

  • Тоҷикӣ

    Ин мақола дорои насиҳатҳое мебошад, ки инсонро водор месозад вақти худро дар ин дунё беҳуда сарф нанамояд ва худро барои рӯзе тайёр бисозад, ки дар он рӯз аз тамоми кору кирдораш ҳисобу китоб хоҳад шуд.

  • Тоҷикӣ

    Яке аз ҳодисаҳои муҳимтарине, ки аркони хонадони нубуватро ба ларза даровард, ҳодисаи ифк буд, ки модари муъминон ҳазрати Оишаро аз руи туҳмату буҳтон итиҳом ба фоҳишагари намуданд, ин ҳодиса на танҳо хонадони нубуватро ба ларза даровард.

  • Тоҷикӣ

    Дар дини мубини ислом чанд навъе аз рӯза ҳаст: Рӯзаи фарзӣ Рӯзаи воҷиб Рӯзаҳои нафли Рӯзаҳои макруҳ Рӯзаҳои ҳаром.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Абдулмалик Ал-Қосим Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Чӣ бисёранд касоне ки аз амалҳои фоҳиша ва зулму ситам дуранд, вале забонашон олудаи туҳмат ба номусу обурӯи мурдагону зиндагон аст, ва ин барояшон ҳеҷ аҳамияте надорад.

  • Тоҷикӣ

    Худованд инсонро замоне, ки офарид, дурусташ намуд, дар ў аз руҳи хеш дамид, барояш гўшу бинию дил бахшид, сураташ дод ва сураташро зебо намуд, дар зеботарин низом ва накўтарин сурат ўро офарид, малоикаҳоро барои ба ў саҷда кардан фармон дод, ўро ба намудҳои зиёди илму маърифат, ки тавасути он саодати дунё ва охиратро меёбад, роҳнамои намуд. Барояш ақлу идроку забону тамиз бахшид, барояш неъматҳои бешумору бебаҳо дод, барояш тамоми ашёи осмону заминро мусаххар сохт, ўро халифаи хеш дар рўи замин таъин кард, то онро обод намояд ва бо ин ҳама вайро хеле такрим кардааст.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Худованд барои бандагонаш роҳҳоеро муяссар кардааст, то инки барои худ аҷру савоб ҷамъовари намоянд, пас инсон бояд аз ин роҳҳо истифода барад.

  • Тоҷикӣ

    Расули Худо (с) фармуданд: " Оё Намехоҳед шуморо аз чизе огоҳ намоям, ки тавассути он хатоҳои шумо маҳв гашта дараҷоти шумо боло равад? Гуфтанд: Бале, эй Расули Худо. Фармуданд: Таҳорат намудан бо ҳама сахтиҳо, бисёр қадам задан ба тарафи масҷидҳо, ва баъди анҷоми намоз, намози дигарро интизор шудан, ин аст рибот, ин аст рибот, ин аст рибот".

  • Тоҷикӣ

    \”Худованд некиҳо ва бадиҳоро навиштааст, сипас онро баён намудааст. Ҳар ки қасди анҷоми кори неке кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комил менависад. Ва агар қасди анҷоми кори некеро кунаду онро анҷом диҳад, барояш аз даҳ то ҳафтсад ва ё аз он ҳам зиёдтар савоб менависад. Агар банда кори бадеро қасд кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комилро менависад ва агар қасд кунаду онро иҷро намояд, барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад\”.

  • Тоҷикӣ

    Худоро сипос мегўем, ки дар ин замони пурфитна ва фасод, замоне, ки побандӣ ба дин, монанди чанг задан ба шарораҳои оташ аст, теъдоде аз хоҳарони мусалмон мўътақид ба усул ва мабодианд ва алоқа доранд то ҳиҷоби шаръиро, ки қалъаи мўҳкам дар баробари фасоди ҷомеаи исломӣ аст, ҳифз намоянд. Бале, дастаҳои палиди истеъморгарони Ғарб ва пайравони онҳо даст ба кор шудааст, то бо равишҳои мухталиф, ҷомеаи исломиро ба фасод ва фаҳшо бикашанд. Яке аз ин равишҳо, бардоштани ҳиҷоб аст, ки душманон дар ин қарни ахир барои бардоштани ҳиҷоб аз ҳеч кушише дареғ нанамудааст.

  • Тоҷикӣ

    Бародарону хоҳарони гироми! Сахтиҳои даврон ва мусибатҳои шабу рӯз ва ҳар озмоишу балоҳое ки бар сари инсон меояд, дар воқеъ далолат бар имони муъминон ва балоест барои бесаброн, чуноне ки Худованд мефармояд: «Ва албата шуморо меозмоем то ки муҷоҳидон ва собиронро бозшиносонем ва хабарҳои (марбут бар) шуморо расидаги кунем» (Муҳаммад 31).

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Абдулмалик Ал-Қосим Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Падарҷон! Иди қурбон аҷаб иди зебое аст, дур аз писарбачаҳо бо духтаракон бози мекунем, доира мезанем ва овозхони мекунем. Падарҷон куртаи наву зебоямро пушида сарамро бо рӯймол мепушонам ва ҳамроҳи шумо намози идро мехонам. Падарҷон дар ин ид рӯймоли калон мепушам, ман акнун калон шудаам.

  • Тоҷикӣ

    Чуноне ки мебинед мавсими ҳаҷ ҳам ба поён расид, ва моҳҳои ҳаҷ ҳам бо ҳамаи он хайру баракоташ гузаштанд, ҳамаи он рӯзҳо гузаштанд, баъзе мусулмонон ҳаҷ карданд, баъзашон ҳаҷи фарзӣ намуданд ва баъзеашон ҳаҷи нафлӣ, ва ҳаряки аз онҳое ки Худованд ҳаҷашонро қабул кард, аз гуноҳ чуноне пок ба хонаҳояшон баргаштанд ки гуё нав аз модар тавалуд ёфтаанд, пас чи хушо бар ҳоли комёбшудагон, чиқадар хушбахт ҳастанд, онҳое ки Худованд ҳаҷҳояшонро пазируфтааст, чуноне ки Ӯ мефармояд:,

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Касоне, ки рӯзаи моҳи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад.

  • Тоҷикӣ

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Аз Абӯҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Расули акрам (с) (фазилат ва қадру манзалати рӯзаро баён карда), фармуданд: «Савоби ҳар амали одамӣ аз даҳ баробар то ҳафтсад баробар афзуда мешавад».