Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Classification Tree

Теъдоди матолиб: 445

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Аввали пайдоиши иди 8-уми март, иди модар, иди занон, ва ҳукми пешвозгири ва тақдими туҳфа дар ин ид.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аввал: Таърихи пайдоиши иди занон Аз ҷумлаи идҳое ки аксари мардуми ҷаҳон барои пешвоз гирифтанаш эҳтимоми хосе медиҳанд (Рузи модарон ё ин ки иди модарон) мебошад, бо вуҷуди он ки дар рузи пешвоз гирифтанаш миёни мардуми ҷаҳон ихтилоф аст, магар ин ки дар пешвоз гирифтанаш бо шакли ом иттифоқ аст..... Чуноне, ки дар боло зикр кардем ин ид ҳеч робитае ба дин яъне ба Қурон ва ба суннати Паёмбари ислом надорад, балки чуноне ки маълум шуд ин ид аксаран аз ҷиҳати мардуми ғарб баъди роҳпаймоиҳову эътирозҳо ба расмият шинохтаву пайдо шудааст, ва дур аз ҳамаи ашколи таъолим ва тарбияи динии муҷтамаъи исломи мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Хоҳари диндор: Нафсу хонаводаи хешро аз ширки зоҳириву ботини нигоҳ медорад. Хоҳари диндор: Ҳоҷати хешро танҳо аз Худо талаб карда танҳо назди Парвардигори хеш сар фуруд меорад. Хоҳари диндор: Хоҳари диндор аз ғайбату масхара ва таҳқири дигарон дури меҷуяд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Рамла духтари Абу Суфён писари Сахр мебошад. Модараш Сафия духтари Абил-Ос писари Умайя амакии Усмон писари Аффон аст. У бо кунияаш –Умми Ҳабиба- дар байни мардум шинохта мешуд ва аз зумраи мусалмонҳои аввал ба шумор меравад. У бо ҳамроҳии шавҳараш –Убайдулло писари Чаҳш- дар Маккаи Мукаррама исломи хешро эълон намуд. Онҳо монанди дигар мусалмонҳои Макка аз шиканчаҳои пай дар пайи мушрикон эмин наёфтанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аз дидгоҳи эътиқод имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз имоматии халифаҳояш аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад: Касе ба имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам имону эътиқод надошта бошад ва ё онро инкор намояд кофир мешавад. Аммо агар касе ба имоматии халифаҳояш имон наорад ва ё онро инкор кунад кофир намешавад, балки гунаҳгор дониста мешавад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Шароб модари бадиҳо буда, инсонро аз тамоми сармояи иззат, шарофат, номи накӯ ва ифтихорот маҳрум месозад. Дар ҳар дину оин риояти панҷ чиз зарурӣ буда, мӯҳтарам шумурда шудааст: Дин, ақл, нафс, мол ва номус. Афроди майпараст бо васвасаҳо ва фиребҳои Шайтон ин панҷ чизро барбод дода, фақиру бенаво, беобрӯ ва масхараи кӯдакон мешаванд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Моҳи сафар яке аз моҳҳои дувоздаҳгонаи ҳиҷри мебошад, ва у баъд аз моҳи муҳаррам меояд. Дар баъзе ривоятҳо омадааст ки онро барои он моҳи сафар мегуянд ки дар ҳамон вақт мардуми Макка ба сафар мебаромаданд, ва Макка аз мардум тақрибан холи мемонд. Ва ин чунин ин мақола дар бар гирандаи: Баъзе корҳое ки мардуми араб дар замони чоҳилият (пеш аз ислом) дар моҳи сафар анҷом медоданд. Баъзе аз эътиқодоту афкоре ки мардуми мусалмони имруза нисбат ба ин моҳи Худованд (сафар) доранд. Баъзе ҳадисҳои дуруғе ки нисбати моҳи сафар ворид шудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Чигунае ки мебинем ва медонем баъд аз чанд рӯз соли нави милодӣ шуруъ мешавад. Ин маросим ки аслан мазҳари дини дорад вале бисёри аз мардуми мусулмон аз ин бохабар нестанд, ва онҳо ҳам мисли масеҳиён ин идро пешвоз гирифта хушҳоли мекунанд, ва дастархон ороста ҳамдигарро бо фарорасии ин ид табрику таҳният мегуянд. Ва барои ҳамдигар туҳфаҳо харида тақдим мекунанд. Пас оё барои мусулмонон ҷоиз аст ки ин рӯзро пешвоз гирифта дар ин рӯз хушҳоли кунанд? Оё ҷоиз аст ки дастархон ороста дустон ва хешу таборро даъват намоянд? Оё ҷоиз аст ки ширини ва туҳфаҳо тақдим намоянд? Ва дигар саволҳо ки мехоҳам дар ин мақолаи мухтасар ҷавоби худро ёбанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Суол: Ҳукми табрик кардани кофирон дар иди Кресмес (иди соли нави милодӣ) чист? Ва чигуна ҷавоб диҳем онҳоро вақто бо ин ид моро табрик карданд? Оё ба ҷойҳое ки ин гуна муносибатҳо аст, рафтан ҷоиз аст? Оё агар ин кор аз тарафи инсоне ғайри ихтиёри сурат гирад гунаҳгор мешавад? ва рафтанаш шояд аз шарм ё муҷомала ё барои худро дар назди онҳо ноҳинҷор ҳис накардан сурат гирифта бошад, ва ё бо дигар сабабҳо? Ва оё ба онҳо ташаббуҳ ва ё монанди кардан ҷоиз аст?

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Фазоили моҳи муҳаррам ва рӯзи ошуро. Моҳи муҳаррам моҳи бузург ва мубораке аст ва он моҳи аввали солшумории ҳиҷрӣ ва яке аз моҳҳои ҳаром мебошад. Фазлу бузургии бисёр рӯза гирифтан дар моҳи муҳаррам. Ошуро аз нигоҳи таърих. Кадом рӯз ошуро аст? Рӯзаи рӯзи ошуро сабаби бахшиши кадом гуноҳон аст? Ва савобу аҷри рӯза мағрур нашавем. Ин мақола ҳамин мавзуъҳоро дар бар мегирад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Вақто ки Мусо (а) ва ҳамроҳонаш бо амри Худованд ба тарафи соҳили дар (дарёи Нил) равона шуданд, Фиръавнҳам бо лашкараш аз дунболи онҳо равона шуд. Ҳангоме ки Мусо (а) бо бани исроил ба лаби дарё расид онҷо киштие ё василае барои гузаштан аз дарё вучуд надошт. Дар рубаруяшон дарё ва дар пушташон Фиръавн бо лашкараш буд, ва онҳо ғайр аз ду роҳ дигар роҳе надоштанд……. Рузи ошуроро бо руза гирифтан бояд гузаронид Вақте ки расули Худо (с) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард, дид ки яҳудиҳои Мадина рузи ошуроро руза мегиранд, гуфт: "Барои чи имрузро руза мегирен?".

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аз беҳтарин неъматҳое: ки Худованд барои бандагонаш дода аст, ин аст, ки рӯзҳои бузург ва пурфайзу баракатро барояшон пай дар пай оварда аст; то ин ки бандагонаш аз аҷру савоби ин рӯзҳо баҳраманд шаванд. Чун мавсими ҳаҷ ба поён расид баъд аз он Худованд дигар моҳи бузургеро миёрад "Муҳаррам", ки онро пайғамбари Худо ба номи "Шаҳруллоҳи алмуҳаррам" номида аст. Фазилат ва бузургии рӯзи ошуро, ва рӯза гирифтани он ҳадисҳои зиёде дар баёни фазилат ва рӯза гирифтани рӯзи ошуро аз Пайғамбари Худо ривоят шудааст, ки баъзе аз онҳоро батаври мисол зикр хоҳем кард.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Аммор Шавқи

    Эй фарзанди одам! Марг ки барои падар ва модарамон (Одам ва Ҳаво алайҳимо салом) ки расид ҳеч шаку шубшҳа нест, ки бар моҳам мерасад. Маънои маргро бо каломи Худо ва бо ҳадисҳои Расулуллоҳ фаҳмонидан чи зебост. Худованд мефармояд: { وَأَنْفِقُوا مِمَّا رَزَقْنَاكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ أَحَجدَكُمُ المَوْتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَولاَ أَخَّرْتَنِي إِلَى أَجَلٍ قَرِيْبٍ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُنْ مِنَ الصَّالِحِيْنَ }. Яъне: "Нафақа кунед аз ончики рузиятон кардаем пеш аз инки марг бар яке аз шумо бирасад ва бигуяд: Парвардигоро агар андаке маргро бар ман тахир биандози ки садақа бидиҳам ва аз чумлаи некукорон шавам, Худованд ҳаргиз марги касеро ки аҷалаш расида бошад тахир намеандозад ва Худо ба ончики анҷом медиҳад огоҳ аст".

  • Тоҷикӣ

    PDF

    قال الله تعالى: { يُرِيْدُ اللهُ بِكُمُ اليُسْرَ وَلاَ يُرِيْدُ بِكُمُ العُسْرَ } «Худованд осониро барои шумо мехоҳад ва сахтиву душвориро барои шумо намехоҳад». Барои эҷоди суҳулат дар анҷоми ибодатҳо шариъат як силсила сабукиҳоеро дар назар гирифтааст, ки масҳ кашидан бар масҳӣ, захмбанд ва … аз он ҷумла мебошанд. Масҳ аслан бо суннати Расули Худо (с) собит гардидааст. Аз ҷумла аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) муддати масҳро барои мусофир се шабонарўз ва барои муқим як шабонарўз муайян намудааст, он ҷо, ки мефармояд: «Мусофир то се шабонарўз ва муқим то як шабонарўз (бар мўзаҳояшон) масҳ мекашанд».

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар соли шашуми ҳиҷри ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рў, ҳашт нома ба сарон ва руасои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафи буд. Бидуни шак Сумома яке аз он шахсиятҳои маъруфи даврони ҷоҳилият буд, ки арабҳо ҳарфашро мешуниданд ва аз амру фармонҳои ў итоат мекарданд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Номи аслии ин саҳобии гиромиқадр Холид ибни Зайд ибн Кулайб аст ва ба қабилаи бани Наҷҷор нисбат дорад. Кунияаш Абуаюб ва мансуб ба Ансор аст, чи аз мо мусалмонон касе нест, ки Абуаюб Ансориро нашиносад?

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Яке аз фализалатҳо ва меҳрубонии Худованд барой бандагонаш ин аст ки барой бандагони некукораш рузҳо ва вақтҳое муаян карда аст то бандагони солиҳаш дар он рузҳо аз ибодати Худо ва аъмоли нек зиёд анҷом диҳанд, ва аз беҳтарин ва хубтарини он рузҳо" даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа мебошад" ки дар бораи фазилати ин рузҳо далилҳои зиёде аз Қурон ва аҳодиси пайғамбари Худо омада аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб муаллиф дар мавзуи шикор кардани муҳрим ва ҷазои онро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бродарон ва зоирони хонаи худо аз инки зиёрати хонаи худо ва ҳачи байтуллоҳилҳаром яке аз аркон ва бунёни асоси дини ислом мебошад пас бояд мутобиқи суннат ва гуфтори пайғамбари худо адо карда шавад чуноне ки худи пайғамбари худо фармуданд:

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Миқот чой аст ки ҳочи аз ончо ба ҳач ё умра еҳром мебандад ва дар ончо ният мекунад. Ва миқотҳо иборат аз чандчо ҳастанд: