Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Introducing Islam to Muslims

Теъдоди матолиб: 279

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Бародарон ва хоҳарони гироми неъматҳое, ки худованд дар ин дунё барои бандагонаш дода аст хеле зиёду бе ҳисобанд, чуноне, ки худованди бузург мефармояд: {وآتاكم من كل ما سألتموه وإن تعدوا نعمة الله لا تحصوها إن الإنسان لظلومٌ كفار} [إبراهيم: 34]. Тарҷума: Ва аз ҳарчи хостаед ба шумо дода аст, ва агар бихоҳед неъматҳои худоро бишуморед) азбас ки зиёданд(наметонед онҳоро бишуморед воқеан инсон ситамгар ва носипос аст. Ва бузургтарин неъмате, ки худованд дар ин дунё барои бандагони мусалмонаш дода аст ин неъмати эмон ва ҳидоят барои ҳақ аст, ки агар худованд ба фазли худ бандагони мусалмонашро ҳидоят намекард ҳеҷ вақт ҳидоят намеёфтанд… . Ва инчунин аз бузургтарин неъматҳое, ки худованд дар ин дунё, ки барои каме аз бандогонаш насиб мегардонад ин (неъмати илм) аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Барои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Халифаҳои Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шогирдони мадрасаи нубувват ва баъди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дигар пайғамбарон бузургтарин ва беҳтарин бандагони Аллоҳ таоло мебошанд. Ҳамчуноне Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои пайғамбарон ва имоми ҷаҳониён дониста мешавад, саҳобагонаш пешвои саҳобагони дигар пайғамбарон ва баъди пайғамбарон бузургтарин фарзандони Одам дониста мешаванд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Даъват ба хушгуфтори сухани нек ва рафтори нек бо мардум, ва оятҳое аз Қурони карим ки дар ин мавзуъ ворид шудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Ин мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб муаллиф фазоили Мадинаи Мунаввараро бо истинод бар аҳодиси набави зикр кардааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависандаи ин мақола дар бораи баъзе саволҳои муҳиме, ки дар бораи рӯза доштани шаш рӯзи шаввол мебошад бо ҷавобҳояш ҷамъ овари кардааст ва пешкаши хонандагон кардааст, монанди чунин саволҳо. Саволи якум: Оё ҷоиз аст ки баъди Рамазон, пеш аз ин ки рӯзаҳои қарзиро бидорем шаш рӯзи Шаволро рӯза бидорем?

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор сураи таквирро тафсир ва тарҷума мекунад, ва инчунин баъзе аз нишонаҳои рузи қиёматро баён мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Ҳочи Мирзо дар ин навор дар бораи намоз ва фазилатҳои он суҳбат мекунад, ва барои бенамозон чи гуна азобҳо интизор аст дар рузи қиёмат баён мекунад

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Рӯзаи рамазон поя ва рукни чаҳоруми ислом аст ва бар ҳамаи касоне, ки шароити лозимро дошта бошанд фарзу воҷиб аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Намоз аввалин фармони Худо аст. Намоз маросими махсусе барои парастиши Худо ва розу ниёз бо уст. Дар он лаҳза, одамӣ ба камол ва шукуҳи бениҳояти офаридгори ҷаҳон меандешад, саропо шефтаи он мешавад

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи иҳтироми падару модар, ва чи гуна ба ҷо овардани иҳтиром онҳо ва ба даст овардани хушнудии онҳоро баён мекунад. Ва баъзе аз оятҳо ва ҳадисҳоеро зикр мекунад ки амр ба иҳтироми падару модар мекунанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Шояд касе гуяд ки ман мехоҳам тавба кунам, локин кист ки манро замонат бидиҳад ки Худованд гуноҳони гузаштаи манро мебахшад?! Чунки ман мехоҳам пайрави аз роҳи рост кунам, локин гумонҳоям манро ба ҳар су мебаранд, ва дар шаку шубҳа меафтам, агар ман бидонам ки Худованди бузург ҳамаи гуноҳони гузаштаи манро мебахшад ман дар ҳол тавба мекунам. Ҷавоби ман ба ин шахс чунин аст: бародари азизам! Барои фаҳмидани ҷавоб хоҳиш мекунам ин мақоларо бихонед

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддинҷон дар ин навор дар мавзуи арақ ва зарарҳои он, ва кай ҳаром гардондани он аз ҷониби Худованд, ва вақто ки ояти ҳаром будани арақ нозил шуд саҳобагони киром чигуна онро тарк кардан ва аз он дури чустанд, ва каме дар бораи зино ва зарарҳои он, ва ҳукми зино дар ислом суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддинҷон дар ин навор дар бораи рибо (просент) ва зарарҳои он ва ҳукми он дар Ислом суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависандаи ин мақола дар бораи қабр, азобҳои он ва чигуна аз ин азобҳо наҷот ёфтанро баён мекунад, инчунин исбот мекунад ки қабр насиҳат диҳандай хомуш ба ҳисоб меравад

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависандаи ин мақола дар бораи ахлоқи ҳамида дар дини мубини ислом суҳбат мекунад, ва чанде аз оятҳо ва ҳадисҳоеро зикр мекунад ки мусалмонҳоро амр ба ахлоқи ҳамида мекунанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин мақола дар бораи эҳтироми падару модар мебошад, ва нависанда чанд ояту ҳадисҳоеро зикр мекунад, ки далолат бар баҷо овардани эҳтироми падару модар ва донистани ҳақу ҳуқуқи онҳо мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Нависанда : Ғози доғистони