Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Теъдоди матолиб: 4

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин рисола фарогири 40 ҳадиси шариф ва гуҳарбори Пайғамбари раҳмат Муҳаммад (с) буда, дар мавриди фазилати моҳи Рамазон ва баракати рўза гирифтан андарин моҳи гуноҳсўз навишта шудааст.Рисолаи мазбур дастагули имониест дар шинохти фазилати моҳи мубораки Рамазон ва дастовези шарифест дар баланд бардоштани маърифати динии хонандаи арҷманд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Чигуна аз моҳи рамазон истиқбол бигирем, шабҳои ин моҳи бузургро чигуна шабзиндадори кунем, аснофи мардум дар ин моҳ чигунаанд, ва дигар мавзуҳои алоқаманд ба рамазон, соҳиби китоб барои хонандагон ҷавоби ин пурсишҳоро тақдим намудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Моҳи рамазон моҳи бузург ва пурбаракате аст ва ин моҳ соҳиби одоб ва хосиятҳое аст ки дар дигар моҳҳо вуҷуд надорад, муаллифи ин китобча одоб ва хусусиятҳои ин моҳи муборакро барои хонанда баён намудааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Шаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем: 1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд. 2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр». 3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд. «Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр». 4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.