Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

Китобҳо

Теъдоди матолиб: 122

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Таълиф : Аҳмад Дидот Тарҷума : Орифи ҲАҚҶЎ

    Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Китоби "Тарбияти фарзандон" дар мавзуи тарбияти фарзанд муфид ва баёнкунандаи ҳуқуқи фарзанд ва падару модар насбати фарзанд мебошад, ва муаллиф дар таълифи китобаш аз оятҳои Қурони ва ҳадисҳои Набави истифода бурдааст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Таълиф : Умар Хатлони

    Баъд аз иштирок карданам дар чандин баҳсҳо ва хондани чандин мақолаҳо дар мавриди "Ҳуқуқи зан дар ислом" ба чунин хулоса омадам ки чанд гуфтание дар ин мавзуъ барои азизон пешкаш кунам. Хонандагони азиз! Ин чанде аз шубҳаҳое ҳастанд, ки баъзе аз душманони дину инсоният миёни мардум меандозанд, ва ман баъзе аз онҳоро бароятон пешкаш хоҳам кард, ва сипас ба ҳамаи онҳо алоҳида-алоҳида ҷавоб хоҳам гуфт. Шубҳаи аввал: Гуё мардуми мусалмони точик занҳояшонро аз руи нобовари ва бе эътимодияшон маҷбур ба ҳиҷоб пуши мекунанд, дар ҳоле ки мо мардҳо натавонистаем барои занҳо беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созем, пас бо кадом ҳуқуқ мо онҳоро маҷбур ба ҳиҷоб пуши кунем? Ва ин кори мардон сафиҳона мебошад. Ва водоштани зан ба пушидани либосе, ки дилхоҳи худи у нест, намунае аз зулму ситами мардони рузгори мост, ва бояд решакан шавад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Таълиф : Маволи Ғуюур Тарҷума : Абузари Абдулло

    Муаллифи ин китоб бо як маҳорати баланд ва бо амонати илми тақрибан тамоми ривоятҳое ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани маросимҳое ки шиъаҳо дар рузи ошуро барпо медоранд: аз мароҷиъиу олимони шиъа бароямон пешкаш кардааст. Ва ҳар инсони мусалмон хоҳ шиъа бошад ва хоҳ сунни агар бо диққат ин китобчаро бихонад аз Худованд умед дорам ки ҳақиқати ҷоиз будан ё набудани ин анъанаҳову маросимҳое ки рузи ошуро барпо мешаванд: мисли занчирзаниву синазани ва пушидани либосҳои сиёҳ, хоҳад фаҳмид.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд : Ин китобро яке аз олимони Шиъа навиштааст, ва дар он баъзе аз таноқузоти шиъаро баён кардааст, ва мавзуъҳои зиёдеро дар бар гирифтааст монанди : Дар бораи Абдуллоҳ ибни Сабо, ва ҳақиқати пайравии шиъа аҳли байтро, ва таъна задани шиъа Паёмбари Исломро ва саҳобагони киромро, ва ин чунин дар масалаи мутъа ва он хурофоте ки дар бораи он сухан мегуянд, ва инчунин хумс, ва дар бораи ақидаи шиъа дар китобҳои осмони ва ақидаи онҳо дар бораи Аҳли Суннат.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китоб дар бораи рӯзаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое, ки ҳар як рӯзадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рӯзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозӣ) намоед».

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Шаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем: 1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд. 2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр». 3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд. «Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр». 4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китоб баёнгари имони ростин ва шуҷоату қаҳрамонии ёрони босафои ҳазрати Паёмбар (дову дуруд бар У бод) аст, ки бо сидқу ихлос зи пай нуре, ки дар Макка дурахшид ва дар Мадина тобид ва дар ҷаҳон партав афканд, рафтанд ва саъодати ҷовидонро дар дунё бо зикри корномаҳои нек ва дар охират бо касби биҳишти барин дарёфтанд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.

  • Тоҷикӣ

    DOC

    Беҳтарини саҳобагон, балки беҳтарини фарзандони одам, баъди Паёмбарону баъди Абубакр (р), ва маҳбубтарини саҳобаҳо ба Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- баъди Абубакр (р) Ин мард касе аст, ки ҳама вақт дар баробари гирифтани номаш, лақаби шуҷоъу ҳақпарасту одил ҳамроҳ карда мешавад, балки ҳар кучо ки номи ӯ гирифта мешавад, ҳар сифати хубе, ки дар баробарии номаш ҳамроҳ карда мешуд мувофиқ меомад, мисли, парҳезгор, зоҳид, хоксор, ва бисёр гирякунанда аз тарси Худо, инчунин бисёр донову бо фаросат ва дурандеш ва душмани ҳавову ҳавас буд, ҳамаи ин сифатҳое буданд, ки номи ин шахс онҳоро дар бар мегирад. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед, ки он кист.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Муаллиф мегуяд: Ман дар ҳақиқат перомуни шиъаёни аҳли байт чизе намедонистам магар ин, ки онҳо гуруҳе аз мусалмононад, ки дар муҳаббати аҳли байти Пайғамбари Худо ғулув (аз ҳад гузаронидан) ва зиёдаравӣ мекунанд ва онҳоро нусрат медиҳан, ва низ аҳли суннат ва ҷамоатро дар баъзе масалаҳои ҷузъии шариат бо таъвилҳои дур ё наздик мухолифат мекунанд. Аз ин ру вақте, ки баъзе аз бародарон онҳоро фосиқ ва ё гоҳе аз доираи Ислом берун ҳукм мекарданд, банда аз ин кор хеле хашмгин ва нороҳат мешудам. Аммо ин кор дер давом накард, ки яке аз бародарон ба ман тавсия кард, ки ман яке аз китобҳои муътабари ин ҷамоатро мутолиъа кунам то ин, ки ҳукми дурустро дар бораи ин мазҳаб ба даст орам. Ва ман китоби "Ал-Кофи"- ро ихтиёр кардам зеро, ки ин китоб такягоҳи ин тоифа дар исботи мазҳабаш мебошад. Ман ин китобро мутолиъа кардам ва аз он ба як чанд ҳақоиқи илмие дастраси пайдо кардам, ки манро ба узр хостан аз он нафаре, ки шафқати маро ба ин тоифа хато меҳисобид, водор сохт ва дигар худамро аз он дидгоҳе ки қаблан нисбати ин мазҳаб доштам, маъзур донистам. Майлу хоҳишам маро аз он мудорое ки ба умеди аз байн бурдани баъзе аз тундравиҳое, ки байни аҳли суннат ва ин тоифа ба ислом нисбат дода шуда буд, боздошт. Инак ман он ҳақоиқеро, ки аз муҳимтарин ва маътабартарин китобҳои ин мазҳаб ба даст овардаам, мавриди баҳс қарор медиҳам. Аммо аз ҳар шиъа мехоҳам, ки дар атрофи ин ҳақиқатҳои илми бо ихлос ва инсоф андеша карда, худ ҳукми саҳиҳро дар бораи ин мазҳабаш бибарорад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Ин китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Cухани мо дар атрофи шахсе аст ки офтоб ба касе беҳтар аз ӯ баъди Паёмбарон натобидааст. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки имони ӯро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд имони ӯ бар имони тамоми уммат ғолиб (вазнинтар) омад. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз ӯ пурсида шуд оё барои аҳлу оилаат чизе боқи мондай? Дар ҷавоб гуфт: Барои аҳлу оилаам Худову Паёмбарашро мондам. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки ӯ кист.